ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ СУДИ ШАҲРИ РОҒУН ДАР ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ РОҒУН

Рӯзи 22 майи соли 2026, дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Роғун бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии идонаи тантанавӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши идона пристави судии суди шаҳри Роғун Ҳакимзода Саъди, роҳбарону кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони соҳаҳои гуногун, наврасону ҷавонон ва варзишгарони фаъол иштирок намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун Пристави судии суди шаҳри Роғун Ҳакимзода Саъди бо ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд. Пас аз ҷамбасти қисми тантанавии чорабинии барномаи рангини ҳунармандон бахши фарҳанги шаҳр, ки ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон омада гардида буд, пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Суди шаҳри Роғун 