ПЕШВОИ МИЛЛАТ!

Дар ҳақиқат хизматҳои фарзанди баруманди миллат Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди ҳамаҷонибаи кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ сазовори обурӯю эътибори баланд пайдо кардани Тоҷикистони соҳибистиқлол беназир ва беҳамтост.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” сухан аз хидматҳои арзишманд ва бе мислу монанди мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсияте меравад, ки дар бунёди давлати милли истиқлолияти миллию сиёсӣ, эҳёи расму оин ва анъанаҳои фарҳангӣ аз як кишвари дар вартаи нобуте қарордошта ба давлати рӯ ба инкишоф расонидани Тоҷикистон дар маркази ғояи миллӣ нақши калидӣ дорад. Таърих нақши чунин шахсиятҳоро дар саҳифаҳои худ ба таври ҳамешагӣ сабт кардааст ва боз таърих аст, ки баҳои воқеиро ба ин равандҳо медиҳад. Ашхосе, ки барои миллату мамлакати хеш хизматҳои беназир ва содиқона кардаанд, подоши худро мебинад. Ҳар коре, ки сардори давлат анҷом додааст, ҳама бо нафъи мардум ва ободии кишвар мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бисёр хизматҳои бе мислу висол кардааст. Тақдири миллати тоҷик дар иҷлосияи 16-уми шӯрои оли ин бахти баланде буд барои мардуми сарбаланди тоҷик, мардуме, ки дар зери борони тир фишори ҳамватанони худ гуруснагию қафомондагӣ аз ҳама ҷабҳаҳои зиндагию рӯзгор дар зери маломати дигарон  афтода қарор доштанд, ин бузурги ва ҷасоратист, ки дар ҳузури садҳо мардуме, ки умеди фардо надоштаанд, бархеста умеде бахшид бо қалбҳои ноороми мардум кори худро аз сулҳ оғоз кардаанд, Баргардогидани гурезаҳо аз мамолики ҳамсоя сулҳу субот дар мамлакат, ваҳдату ягонагӣ, қабули истиқлолияти комил, қабули муқаддасоти миллӣ таъсиси қувваҳои муссалаҳ дар як кишвари дар коми ҷанг афтода ин далерист, албата ин бахти баландаст ҷони худро зери хатар гузошту миллатро аз нестӣ, халқро аз парокандагӣ ва давлатро аз фурупошӣ наҷот додааст. Миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муарифи намуда расму оини тоҷиконро аз нав Эҳё намудан баробар ҳуқуқи зану мард дар Ҷумҳурӣ софдилона барои Ватану миллат хидмат намудаанд ин бузургист ва боиси ифтихор аст. Имрӯзҳо бар аъло мушоҳида мешавад, ки давлатҳои дар шарқи наздик зиёд ба чашм мерасад, ки дар коми оташ ё ҷанг фуру рафтаистодааст. Истиқлолияу ваҳдат орзуи ягонагии мардумамон ба ҳисоб меравад.

Шукронаи Ватани азиз сарвари ғамхор ва миллати шарафманд кард, ки имруз озоду обод ҳастем. Миллати тоҷикро дар арсаи байналмилали муарифи намудан ҳуқуқу озодиҳо дар ин сарзамини  беназир ин бахти баланд аст. Дар тули 35 соли истиқлолият ватани азизи мо дар роҳи рушду нуму аст. Албата ин сарсабзию пирӯзи аз муборизаю қаҳрамонии ин фарзанди фарзонаи миллат манша мегирад умедворем, ки Тоҷикистон ё Ватани азизи мо чун биҳишт бимонад мардумаш дар кору  пайкари худ чун Пешвои миллат, барои худ илеал бисозанд.

Пристави судии суди шаҳри Роғун   Ҳакимзода С.М.