ИСТИҚЛОЛИЯТ-САРВАТИ ГАРОНБАҲОТАРИН

Истиқлолият яке аз муқаддастарин ва гаронбаҳотарин неъматҳоест, ки ҳар миллат барои ба даст овардани он талош мекунад. Миллате, ки соҳиби истиқлолият аст, метавонад сарнавишташро худаш муайян кунад, забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии худро рушд диҳад, аз сарвату имконияти табиӣ баҳра барад ва дар арсаи ҷаҳонӣ бо ватанаш ифтихор намояд. Тоҷикистон баъд аз ҳазорсолаҳо мубориза ва талошҳои фарзандони фидоии миллат 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатӣ ба даст овард. Ин дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз сабт шудааст. Истиқлолият барои мо имконият фароҳам овард, то давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бунёд намоем, сиёсати хориҷии мустақилро пеш барем ва ҳувияти миллии худро эҳё кунем. Давоми зиёда аз се даҳсола Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гашт. Аз ҷумла, эътидоли сиёсӣ барқарор гардид, иқтисоди миллӣ рушд ёфт, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва илм беҳтар шуданд. Ва ин ҳама бо шарофати истиқлолият ва заҳмату талошҳои мардуми ватандӯсту сарбаланд ва фарзанди фарзонаи миллат – Пешвои маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд.  Агар таърихро варақ занем, мебинем, ки аксарияти кишварҳои тозаистиқлол барои таҳкими давлатдории навин ба шахсиятҳои барҷаста ва сиёсати дурандешона ниёз доштанд. Барои Тоҷикистон чунин шахсият муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд  роҳбаре, ки дар солҳои вазнини ибтидои истиқлолият зимоми давлатро ба даст гирифта, бо ақли расо, иродаи қавӣ ва дӯст доштани миллат Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот доданд.

Соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷумлае, ки то имрӯз рамзи садоқат ба Ватан шудааст, чунин гуфтанд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам!» Ин на як шиор, балки оғози амал буд — амали ваҳдат, сулҳ, шикастани девори кинаю хусумат ва бунёди давлати миллӣ. Ин ҷумлаи пур аз самимият дар рӯзҳои душвору мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба халқи тоҷик боварӣ ва ба фардои Тоҷикистон умед бахшид. Таърих гувоҳ аст, ки он рӯзҳои сахту нангини солҳои 90-уми асри гузашта бо сар задани ҷанги хонумонсӯз қариб ба парокандашавии миллати тоҷик оварда мерасонид. Мардуми шарифи Тоҷикистон аз тарсу ваҳм ва наҷоти ҳаёти худ ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурданд. Он солҳо Тоҷикистон ҳамчун мамлакати ноором дар сархати воситаҳои ахбори омма қарор гирифта буд. Дар он шабу рӯзҳои ноором наҷотбахши миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд. Барои ба эътидол овардани вазъияти ноороми мамлакат Раиси Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон қавл доданд, ки ба мардуми шарифи Тоқикистон сулҳ меоранд ва то гурезаи охиринро ба Ватан барнагардонанд, худро ором намешуморанд. Албатта, мо ҳама шоҳиди он ҳастем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардонавор дар гирдоби ин бесарусомониҳои печида ба қавлашон бо сари баланд вафо намуданд. Бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат Президенти навинтихоби Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дареғ надошта, дар он давраи ноором якчанд маротиба ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар намуда, аз мардуми шарифи тоҷик даъват ба амал оварданд, ки ба ватани аҷдодиашон баргарданд. Ҳамзамон бо неруҳои гуногуни сиёсӣ ва мухолифин якчанд гуфтушунид анҷом дода, ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия бо ташаббус ва ҷоннисориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин воқеаи муҳими таърихӣ садсолаҳо дар қалби тоҷикон боқӣ хоҳад монд.

Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Роғун                                            Назриев Б.З.