ЗИНДАГӢ БО АЛЛАИ МОДАР ОҒОЗ ЁФТА, БО НОМИ МУҚАДДАСИ Ӯ БА АНҶОМ МЕРАСАД

Модар мавҷуди муқаддас, арзишманду вологуҳаре ҳаст, ки сиришти Ӯро Худованд аз  раҳму шафқат, меҳру муҳаббат, вафодорию садоқатмандӣ офаридааст. Модар ягона шахсиятест, ки дар тамоми пастию баландии зиндагӣ то ки ҳаст ҳамқадаму ҳамрозу ҳамнавои мост. Меҳри бепоёну навозишҳои нарму гарми модарро ба ҳеҷ муомилаю ҳиссёте наметавон баробар кард. Модар фариштаи меҳру шафқат аст, ки бо меҳри оламгираш ҷаҳонро тобишу ҳастиро навозиш медиҳад. Қалби поки модар ончунон мусаффою равшан аст, ки дар он нисбати фарзанд ғуборе ҷой надорад. Ин аст, ки дуои ӯ ба даргоҳи Иллоҳӣ мустаҷоб мегардад. Дуои модар сабаби фатҳ кардани қуллаҳои баланди зиндагӣ мешавад. Танҳо касе, ки бо тамоми айбу нуқсону хатоҳои кардаамон моро мебахшад, ин модар аст. Аҳли хирад бо қатъият муайян кардаанд, ки арзишмандтарин, волотарин ва муҳимтарин мавҷуди олам маҳз модар ба ҳисоб меравад, зеро бе ин олиҳаи ҳастӣ зиндагӣ аз рушд монда, идома ёфтани ҳаёти инсонӣ имконнопазир мегардад. Идомабахши ҳаёти инсон ин модар аст. Ҳикмати пурқимати халқ, ки он; «Модар тоҷи офариниш аст» ҳамин маъноро башорат медиҳад. Баъд аз Худо модар офаридгор аст ва ба туфайли эъҷози офариниши ӯ ҳаёт дар сайёра идома меёбад. Сарлашкари тавоно Наполеон дар ситоишимодар чунин гуфтааст: «Модар  бо як дасташ гавҳора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад». Ин лашкаркаши тавонманд бо он ҳама ғурур, такаббуру ниҳеб, зафарҳои афсонавияш, пеши тавоноӣ ва халлоқияти модар сари таъзим фурӯд овардааст. Ин суханони пурҳикмати Наполеон солҳост,  ки вирди забонҳост ва аз қудрату тавоноии шикастнопазири модар дар назди ҳар як қуввае дарак медиҳад. Оре, қудрату тавоноӣ, матонату устувории модарро бо сухан наметавон ифода кард. Модар баҳри ҳифзу нигоҳдории фарзанд аз ҳар газанде, ба ҳама сахтиҳо тоб овардаю намегузорад, ки ба ҷигарбандаш озоре бирасад. Дарди худро  таҳаммул мекунад, аммо тоқати кашидани дарди фарзандро надорад. Азобу ранҷҳои кашидаи ин фариштаи накухисол дар нигоҳубин намудан, ба камол расонидан, ба ҷодаи ҳаёти мустақилона раҳсипор кардани фарзанд он қадар зиёд аст, ки он тасвирнопазир хоҳад буд. Модар сарчашмаи ҷушони ҳаёт аст, ки ҳастии моро аз файзи ҳастии худ шодоб мегардонад. Хушбахтона имрӯзҳо аз тарафи Ҳукумати мамлакатамон қадру манзалати   занмодар баланд бардошта шуда, занону бонувон зери ҳимоя ва дастгирию ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад.

Имрӯз занону бонувони мо дар тамоми самтҳои  гуногуни ҳаёти ҷомеа кору фаъолият намуда, саҳми худро дар пешравию ободонии мамлакатамон гузошта истодаанд, ки имкониятҳои барои занон муҳайё буда аз баракати Истиқлолияту озодӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба ин қишри ҷомеа, яъне занону модарон аст.

Президенти мамлакатамон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон модарро чунин ситоиш кардаанд: «Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад…»

Оре, зиндагии мо бо аллаи Модар оғоз ёфта,  бономи муқаддаси ӯ  ба анҷом  мерасад. Моро зарур ва ниҳоят лозим аст, ки сар пеши пои модар монда, хоки қадамҳои ин фариштаи меҳру шафқатро ба дидагон молем ва ҳаргиз нагузорем, ки ба қалби поку мусаффояш озоре  бирасад.

                                                                                          ПИРУМШОЗОДА Б.

судяи суди шаҳри Роғун