БАРТАРӢ ВА БУЗУРГИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ЯГОНАГИСТ

Ваҳдати миллӣ рамзи сарҷамъӣ ва ягонагист. Маҳз  самараи ваҳдати миллӣ ва тарғибҳои пайвастаи заминагузори  ғояҳои  ваҳдатгироӣ буд, ки  Тоҷикистон дар  арсаи сиёсати  байналмиллалӣ  дар муддати кӯтоҳи  ба қавли  Президенти кишвар  «то фаро расидани  давраи бӯҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба марҳалаи  рушди устувори  иқтисодӣ ворид шуда, дар самти беҳтар  намудани сатҳ ва сифати  зиндагии аҳолӣ ба хеле  дастовардҳо ноил гардид».
Дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат ба мисли гулҳои баҳорӣ рӯз то рӯз шукуфта, ба мамлакати биҳиштосо мубаддал гаштан мегирад. Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон, барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизаткардани истиқлолияти комили давлат, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.
Ваҳдати миллӣ ба саҳифаи таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гаштааст. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиши дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи иқтисоди кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.  Худованд, Офтобу замин ва  падару модар  бартарӣ ва бузургиашон дар ягона буданашон зоҳир мегардад. Набудани яке аз инҳо маънои набудани ҳаётро дорад. Агар мо ба фарҳанг назар афканем, мебинем, ки вожаи ваҳдат дар онҷо ба маънои «ягонагӣ» омадааст. Аз ин рӯ, мо инсонҳо бояд ягона бошем – яъне муттаҳиду ҳамбаста чун як тан. Вақте муттаҳид мегардем, пуриқтидору бузург ва ба ҳама амали некӯю шоиста дастёб мегардем. Ваҳдат ё ягонагӣ аз рукнҳои дӯстӣ, тартибу низом, рафоқат, ҳамбастагӣ, эҳтироми ҳамдигар ва арзиши олӣ доштани инсон иборат аст.
Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки халқу миллати мо таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда аст. Сулҳ дӯстии мо дар тӯли тамоми таърихи чандинҳазорсолаамон нишондиҳандаи ақлу хирад ва сабру таҳаммули гузаштагонамон аст.
Таъсиси давлати навбунёди Тоҷикистон барои мардуми тоҷик душвориҳои зиёде пеш оварда буд. Душманони миллати тоҷик мегуфтанд, ки миллате бо номи тоҷик вуҷуд надорад, танҳо мардуми туркнажоди забонгумкардае мавҷуданд, ки дар давраи муайяни таърихӣ аз сабаби омехташавӣ бо форсҳо забони хешро дигар намуданд. Аз ин сабаб, онҳо миллати алоҳида нестанд –мегуфтанд.
Вақте соли 1991, 9-уми сентябр Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии хешро ба даст овард, тоҷиконро имтиҳони нав пеш омад: Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Азму иродаи қавӣ ва нерӯи бузурги сулҳофарини халқ бо роҳбарии ҳомии сулҳ – Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки ин пешомади талхро тоҷикон хирадмандона паси сар намоянд.
Маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз нав бунёд гардид, дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Аз ҳама муҳимтараш он аст, ки давлати кӯчаки мо бо корнамоии ин марди шуҷоъву далер дар харитаи ҷаҳонӣ бо номи Тоҷикистон боқӣ монд.
Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар роҳи расидан ба сулҳ, баргардонидани садҳо ҳазор нафар гурезагон ба Ватан аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва давлатҳои алоҳида падидаи нодир эътироф шуда, мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
Суханронии сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз минбари бонуфузтарин созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла, Созмони Миллали Муттаҳид оиди масъалаҳои муҳимтарини байналхалқӣ ва бо ташаббуси ӯ эълон шудани соли 2003 ҳамчун «Соли Оби тоза» ва даҳсолаи оби тоза эълон шудани солҳои 2005-2015, ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯзи Аҷам ва ба ин арсаи кишварҳои ҷаҳон далолат менамояд .
Дар ҳар суханронии хеш бо аҳли зиё ва ҷавонони фаъоли мамлакат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қайд менамояд, ки «Ояндаи давлат дар дасти ҷавонон мебошад». Аз ин рӯ, ҳифзи истиқлолияти миллӣ, шаъну шарафи миллат, давлат кӯшиши ҳар яке аз ҷавонон барои хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад. Худшиносии ҷавонон ва ҳар як фарди бо нангу ор омили ягонаи инкишофи минбаъдаи давлату миллати мутамаддини тоҷик хоҳад буд. Дар ин бобат беэътиноӣ нишонаи бетараф будан ба тақдири хеш аст. Аз ин рӯ, зарур аст ёдгори пешинро ҳифз намуда, дар меъмори тозабунёди давлати демократӣ ҳиссагузор бошем.
Бузургон гуфтаанд: «Бе Ватан, бе муҳаббат ба хоки аҷдодӣ инсон наметавонад на худ ва на роҳи худро дарёбад». Дирӯзу имрӯзи Тоҷикистонро родмардони Ватан обод доранд. Месазад, ки аз фарзандони созандаи Ватан бо ифтихор ҳарф бигӯем ва дар оянда ҳамрадифи эшон бошем. Мо бояд шукрона кунем, шукрона кунем, ки чунин Ватани азизу маҳбуб дорем, ки дар фазояш кабӯтарони Сулҳ парвози баланд доранд. Бикӯшем, то парвози чунин парандагон дар фазои бещубори Тоҷикистон тоабад бимонад.

Раиси суди шаҳри Роғун
Искандарзода Р.С.