КОНСТИТУТСИЯ -ШАҲОДАТНОМАИ ДАВЛАТ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТ АСТ

Бунёди давлати ҳуқуқубунёд ҳар яки моро вазифадор месозад, ки риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем, зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад.               

                      ЭМОМАЛӢ РАҲМОН


Конститутсия
шоҳодатномаи давлат ҳисобида мешавад ва дар он номи давлат, сохти давлатдорӣнишон дода шудааст. Ин ҳуҷҷатест, ки дурнамоипешрафти ҷомеаро муайян менамояд. Эътибори олииин санади тақдирсоз пешгирии қабули ҳама гунасанадҳои конститутсиониро кафолат медиҳад.

Дар пешгуфтори Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон чунин омадааст: “Халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро эълон менамояд.”

Конститутсия қонуни асосии ғоявӣ ва маънавии давлат буда, он роҳи интихобкардаи моро муайян ва мушаххас намуда, сарчашмаи тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон  ва шаҳрванд, ҳимоятгари манфиатҳои  ҳар як сокини Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Конститутсия инсон, ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳаёт вақадру манзалат, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрииинсонро арзиши олӣ ва дахлнопазир эълон намудааст. Бо қабул шудани Конститутсияи тақдирсоз мардумикишвар бахти хешро ёфтанд ва дар роҳи расидан ба мақсадҳои олии худ қадам гузоштанд.

         Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милллат, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёми табрикотияшон ба муносибати Рӯзи Конститутсия, қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузургиИстиқлолияти милллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш вааҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳоеро ба давлату миллати тоҷик дод, ки онҳо баҳри ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзиши хоссаеро доромебошанд. Дар саҳифаи таърихи навини мардуми мо нахустин маротиба дар Конститутсияи мазкур қайд карда шуд, ки Ҷумурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ аст ватанҳо халқ таҷассумкунандаи Истиқлолият ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист.

Дар заминаи Конститутсияи давлатӣ дар ҷомеаи мо сулҳу осоиштагӣ, суботи комили сиёсӣ,  ваҳдату ҳамдилӣ, рушди босуботи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, ҳаёту рӯзгори орому осудаи мардум, умедуэътимоди онҳо ба сӯйи ояндаи неку дурахшон таъмингардид.

Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ваарзишҳои бунёдии халқу миллати тоҷик маҳсуб мебад,зеро ин ҳуҷчати муҳими сарнавиштсоз ба шарофатиандешаву таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсиимардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории поя давлати мустақил мусоидат намуд. Имрӯз вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост, ки ин дастоварди бебаҳои таърихиротақвиятбахшем ва дар тадбиқи ғояҳои бузурги низомидавлатдории миллӣ, ки маҳсули андешаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ояндаи боз ҳам дурахшони ватанамонро бозаҳмати содиқонаву софдилона таъмин намуда, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини  ҷаҳонӣ пайвастанд, арҷ гузоремва дар асоси  ин бахтномаи миллат, дар роҳи расиданба иҷрои ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакатамонкӯшиш намоем.

Искандарзода Р.С.

Раиси суди шаҳри Роғун