ВОХУРИИ РАИСИ СУДИ ШАҲРИ РОҒУН НАЗАРЗОДА А.Х., БО МАСЪУЛИНИ ДАХЛДОР АЗ ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ

Санаи 11 феврал дар асоси нақшаи чорабиниҳои Суди  шаҳри Роғун вохӯрии раиси Суди шаҳри Роғун Назарзода Абдуҳанон Худойназар бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки масъулини дахлдор аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шӯрои маҳаллаҳо, ташкиллоту корхонаҳо ва фаъолони шаҳр доир карда шуд. Дар вохурии мазкур раиси Суди шаҳри Роғун Назарзода Абдуҳанон Худойназар маърӯзаи худро дар заминаи Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа намуда, ба масъалаи риояи ҳатмии қонунгузорӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҷомеа, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, ҷинояткорӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносии миллӣ, донистани ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллатамон, ки дар Паёми навбатӣ дарҷ шудаанд, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва дигар мавзӯҳои мубрами ҳаёти иҷтимоию ҷамъиятӣ суханронӣ намуданд.