ГУЗАРОНИДАНИ МАҶЛИСИ САЙЁРИ СУДИ АЗ ҶОНИБИ РАИС СУД НАЗАРЗОДА А.Х., ДАР БИНОИ ШАБАКАҲОИ БАРҚИ Ш.РОҒУН.

 

Санаи 28 апрели соли 2026 дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ дар толори бинои шабакаи барқи шаҳри Роғун парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Сайдалиев Хуршед Шарифович, дар содир намудани ҷиноятӣ бо моддаи 253 иловаи 1 қисми 1 КҚ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида дар ҳайати Раискунанда Назарзода А.Х., бо котибии Замирова К.Қ., бо иштироки прокурор Исмоилзода У., барраси гардид.

Ҳамчунин раиси суд Назарзода Абдуҳанон Худойназар оид ба риояи қонуни  дар моддаи 2531 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд намудаанд,ки соли 2025 моддаи 2531 дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова карда шудааст, ки вайрон гардидани меъёри қувваи барқ, ки қонуни мазкур барои ба ҷавобгарии ғайримақсаднок истифода бурдани қувваи барқ тасдиқ гардид ибрози назар намуда, аз ҷамомадагон хоҳиш ба амал овард, ки шукргузори аз ин давлат намуда, қувваи барқро самаранок истифода бурда, ғайримақсаднок истифода бурдани он ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамояд.