САЗОВОРИ ҶОИ АВВАЛ ГАРДИДАНИ КОРМАНДИ СУДИ ШАҲРИ РОҒУН ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ

Санаи 17 май дар шаҳри Роғун бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, Суди шаҳри Роғун ва кормандону, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкиллоту муассисаҳо, ширкатҳои ҶСК НБО Роғун, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сокинони маркази шаҳр, занону бонувон, наврасону ҷавонон, ҳамзамон варзишгарону дӯстдорони варзиши дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор карда шуд.Дар чорабинии мазкур кормандони Суди шаҳри Роғун иштирок намуда, котиби маҷлиси суди Назриев Бахтулло Зикруллоевич сазовори ҷои аввал гардида, ҳамзамон аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо сипоснома ва тӯҳфаи хотиравии Кумитаи тадорукот қадрдонӣ карда шудаанд.
Суди шаҳри Роғун 