ГУЛЧАНБАР ГУЗОШТАН САРИ ТУРБАТИ ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛАТ

31 май раиси суди шаҳри Роғун Назарзода Абдуҳанон Худойназар, раиси шаҳри Роғун Сунатулло Саидзода бо ҳайати роҳбарони сохторҳой ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи шаҳр, муовинон ва сардорони бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба зиёрати оромгоҳи Шириншоҳ Шоҳтемур. Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммад рафтанд ва дар сари турбати ин фарзонафарзандони миллат гулчанбар гузошта, қаҳрамонону фарзандони номдори миллатро ба некӣ ёд намуда, назди марқали бузургон бо нишони қадрдонӣ ба ҷоннисории онҳо сари таъзим фуруд оварданд.