Ба ишорачуб ва хуштаки нозири роҳ бобати боз доштани воситаи нақлиёт итоат накардан.

Ба ишорачуб ва хуштаки нозири роҳ бобати боз доштани воситаи нақлиёт итоат накардан.

Носирзода Маҳмаюсуфи Мансур санаи 12-уми декабри соли 2020 тахминан соати 14-49 дақиқа ҳангоми бо автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» рақами давлатиаш 71-21 ДД 08, ҳаракат намуданаш дар дидбонгоҳи деҳаи Чашмаи Кулои шаҳри Роғун, бо ишорачуб ва хуштаки нозири роҳ бобати боз доштани воситаи нақлиёт итоат накарда, харакати худро давом додааст. Баъди дидани чораҳои зарури аз тарафи кормандони ШБДА ШВКД-и дар шаҳри  Роғун  воситаи нақлиёт боздошт карда шуда, нисбати ў протокол тартиб дода парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 329 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон  оғоз карда шудааст.

Носирзода Маҳмаюсуфи Мансур бо моддаи  329   қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин модда  ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 5 (панҷ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 290 (ду саду навад) сомонӣ таъин карда шадааст.