БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ САЙЁРИ СУДИ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ СУДИ Ш.РОГУН НАЗАРЗОДА А.Х., ДАР МТМУ № 3-И Ш.РОГУН

Санаи 18 феврали соли 2026 аз ҷониби Раиси суди шаҳри Роғун Назарзода А.Х., бо иштироки ёрдамчии прокуратураи шаҳри Роғун Исмоилзода У., дар бинои МТМУ № 3-и шаҳри Роғун чор адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” нисбати чор нафар ҳуқуқвайронкунанда, бо моддаи 90 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ баррасӣ гардидаанд. Ҳамзамон аз ҷониби Раиси суди шаҳри Роғун Назарзода А.Х., бо омӯзгорону хонандагони МТМУ № 3 вохӯрӣ ва сӯҳбат гузаронида шуд. Зимни вохӯрӣ қайд карда шуд,ки ҳадафи асосӣ аз баррасӣ намудани парвандаҳо дар маҷлисҳои сайёри судӣ ин пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирӣ ва дар оянда роҳ надодан ба чунин ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад.Аҳамияти маҷлисҳои сайёри судӣ дар он аст, ки хусусияти пешгирикунанда дошта, шаҳрвандон бевосита шоҳиди раванди баррасии парвандаҳо дар назди аҳли ҷомеа буда ва ин ҳама боиси он мегардад, ки шаҳрвандон ба риояи қонун ҷиддитар муносибат намуда, сатҳи қонунвайронкунӣ коҳиш меёбад ва эҳтиром ба қонун ва риояи ҳатмии он афзун мегардад.Баргузории маҷлисҳои сайёри судӣ воситаи муҳими тарбияи ҳуқуқии ҷомеа ба ҳисоб рафта, он ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд мусоидат мекунад.
Суди шаҳри Роғун 