БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ САЙЁРИ СУДИ БО ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТИ БО МОДДАҲОИ 245 ҚИСМИ 2 БАНДИ «Г» ВА 323 КҶ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 10 марти  соли 2026 дар Ҷамоати шаҳраки Оби гарми шаҳри Роғун маҷлиси сайёри судӣ баргузор гардид. Дар он парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаи 245 қисми 2 банди «г» ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Дар маҷлис раиси суд Назарзода Абдуҳанон Худойназар иштирок намуда, оид ба риояи қонуни пешбинишуда, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои азонихудкунӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр,ки ба гунаҳгор бовар карда супурда шудааст ё дар ихтиёри ӯ мебошад,бо истифодаи ваколати мансабдорӣ ва бо моддаи 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои сохтакории хизматӣ, яъне аз ҷониби хизматчии давлатӣ ба асноди расмӣ дидаю донистан дохил намудани маълумотҳои бардурӯғ, ҳамчунин ба асноди зикршуда ворид намудани ислоҳоте, ки мазмуну аслии онро таҳриф мекунад, агар ин бо мақсади ғаразнок ё дигар манфиатдории шахсӣ содир шуда бошад,  ибрози назар карданд. Ҳамчунин, масъалаҳои муқовимат ба коррупсия баррасӣ гардида, шаҳрвандон ба мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ даъват шуданд.

Таъкид гардид, ки чунин маҷлисҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо мусоидат менамоянд.