БАРРАСИИ ПАРВАНДАИ ОИЛАВӢ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ СУД НАЗАРЗОДА А.Х.




Имруз дар бинои суди шаҳри Роғун дар ҳайати раисикунанда Назарзода А.Х., бо котибии Ҳакимзода С., бо иштироки адвакат Холов Э., дар маҷлиси ошкорои судӣ парвандаи оилавӣ бо даъвои Қ.М.Т., нисбати Р.Н.М., оиди зиёд намудани андозаи алименти муқаррар намудаи суд барои таъминоти фарзандони ноболиғ, баррасӣ гардид. Аз ҷониби раискунанда даъвои даъвогар қисман қонеъ гардида, аз ҳисоби ҷавобгар Р.Н.М., ба манфиати даъвогар Қ.М.Т., барои таъминоти фарзандони ноболиғ 300 сомонӣ барои як кӯдак, ҷамъ барои ду кудак 600 сомонӣ, алимент ба тариқи устувор сар карда аз рӯзи ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи мазкур руёнида шудаанд.
Суди шаҳри Роғун 