ИШТИРОКИ РАИСИ СУДИ ШАҲРИ РОҒУН НАЗАРЗОДА АБДУҲАНОН ХУДОЙНАЗАР ДАР ЧОРАБИНИИ ИДОНАИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДАҲО

Имрӯз бо иштироки Раиси суди шаҳри Роғун Назарзода Абдуҳанон Худойназар, роҳбарияти мақомоти шаҳрдорӣ, роҳбарони ташкиллоту муассисаҳои шаҳр, сокинон ва падару модарони даъватшавандагон чорабинии гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси суди шаҳри Роғун Назарзода А.Х., суханронӣ карда, оиди иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ ибрози андеша карда, ҳамаи ҷавонон ва иштирокчиёнро бо ин муносибат самимона табрику таҳният намуданд.
Суди шаҳри Роғун 