ИСТИҚЛОЛ – АРЗИШИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ
Истиқлоли давлатӣ рамзи хушбахтӣ ва саъодати рӯзгори ҳар як фарди худогоҳи кишвар маҳсуб ёфта, роҳи ояндаи зиндагии муваффақонаи мардумро муайян намуд. Ба таъбири дигар, Истиқлоли двлатӣ ба рушди ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакатамон решапайванд аст. Ин неъмати бебаҳои таърихӣ чун рамзи озодию ягонагӣ барои мо насли ҷавони кишвар тамоми имкониятҳои моддию маънавиро фароҳам оварда, роҳи ояндаи ҷавонони хушиқболи кишварро нуру зиё бахшид ва баҳри амалӣ намудани мақсадҳои накӯ неруи тозаро эҳдо сохт.
Воқеан, дар баробари дигар муқаддасот Истиқлол яке аз арзишҳои волое мебошад, ки бо ба даст оварданаш тамоми ҳастии миллии мо аз нав эҳё гардид. Моро зарур аст, то баҳри пойдорӣ ва таҳкими он фаъолияти худро ба роҳ монда, саҳми арзандаи хешро дар рушду нумӯи кишвари азизамон гузорем.
Ҷавонон, ки қишри ояндасози кишвар ба ҳисоб мераванд, дар замони соҳибистиқлолӣ ҳама чун як тану як ҷон паи илму донишанду имрӯз ҳар яке дар самти хеш муваффақанд. Маҳз бо шарофати истиқлол баҳри илмомӯзии ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё гардид. Ин аст, ки ҷавонон имрӯз ҷиҳати аз бар намудани илму донишҳои гуногуни мувофиқ ба талаботи замон дар донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи кишвар ва хориҷ таҳсили илм менамоянд.
Ҷавонони мо имрӯз дарк намудаанд, ки роҳи ягонаи амалӣ намудани мақсадҳои накӯ, пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеа ва саҳм гузоштан дар рушди минбаъдаи кишвар маҳз танҳо тавассути омӯхтани илму дониш ва аз бар намудани касбу ҳунарҳои гуногун муяссар мегарданд.
Имрӯз агар ба кадом соҳае назар кунем, дар баробари дигар қишри ҷомеа ҷавонон низ бо дасту дилу нияти пайи кору пайкоранд ва содиқонаву софдилона дар роҳи худшиносии миллӣ ва рушди босуботи кишвар фаъолият бурда истодаанд.
Аз ҷаҳду талош ва фаъолияти намунавии онҳо эҳсос мегардад, ки ин қишри ояндасози ҷомеа дар зери ливои истиқлолу ваҳдат бо боварии комил ба сӯйи фардои дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд. Дар воқеъ, фазои истиқлол аст, ки имрӯз ҷавонон дар ҳама самт комёбанду дар рушду нумӯи меҳан саҳмгузоранд.
Бо амри таърих 34 сол аст, ки Тоҷикистонро ҷаҳониён ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф менамоянд. Ин саҳифаҳои дурахшони таърихи миллат бо оби тилло сабт мегарданд. Дар зарфи 34 соли Истиқлоли давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дастовардҳои назаррас ба вуқуъ пайваст.
Ҷавонони Тоҷикистон, зодагони истиқлолиятанд. Ҳамаи хушрӯзии ҷавонон аз самараи истиқлол аст. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҷавонон тавонистанд бо неруи созанда ва хиради азалӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ ва ғайра ба муваффақиятҳои назаррас ноил гарданд. Аз ҳамин нуқтаи назар бояд қайд намуд, ки бо дарки худшиносии миллӣ ҷавононро лозим аст, ки дар якҷоягӣ самараҳои истиқлолро сарфаҳм рафта, баҳри ҳифзу пойдорӣ, якпорчагӣ, сулҳу ваҳдат ва суботи кишвар фаъолияти худро ба роҳ монанд. Онҳо дар заминаи истиқлоли сиёсӣ ба масъалаи илмомӯзӣ диққати махсус зоҳир намуда, манфиатҳои давлатиро аз манфиатҳои шахсӣ боло донанд. Зеро ҷавонон қодир ҳастанд, ки бо донишҳои қавӣ дар мубориза бо алайҳи тераризм, экстримизм ва дигар таҳдиду хатарҳои шахсон ва ё гурӯҳҳои манфиатҷӯй мардонавор истодагарӣ намуда, дар дилхоҳ ҳолатҳо истиқлол ва ваҳдати милиро ҳифзу гиромӣ нигоҳ доранд.
Котиби суди шаҳри Роғун
Садирова Меҳрангез Ашуровна
Суди шаҳри Роғун 