Ҳуқуқвайронкунанда Ҷониев Холмурод Шоҳмуродович, санаи 15-уми майи соли 2021 соати 1520 дақиқа дар ҳолати мастӣ ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия итоат накардааст. Бо ин кирдораш талаботи моддаи 479 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намудааст.
Ҷониев Холмурод Шоҳмуродович дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 479 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ва ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба мўҳлати 10 (даҳ) шабонарўз таъин карда шуд.