Маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт.

Маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт.

Қамариддини Шамсзода рўзи 27-уми октябри соли 2020 тахминан соати 09:57 дақиқа бо автомашинаи  тамғаи  «ВАЗ- 2103»  рақами  қайди давлатиаш  65-60 АХ 08, ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт дар роҳи мошингарди шаҳраки Оби-Гарми шаҳри Роғун дар гардиши назди  Беморхонаи минтақавии шаҳраки Оби-Гарми аз ўҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Астра» рақами қайди давлатиаш 15-58 ДД 08 таҳти идораи Маҳмадиев Умед Саидович бар мехурад, ки дар натиҷа автомашинаҳо зарари техникии мебардоранд.

Қамариддини Шамсзода бо моддаи 333 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии  маъмурии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин модда ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мўҳлати се моҳ таъин карда шуд.