Майда авбошӣ

Санаи 08-уми июли соли 2021 соатҳои 21:30 дақиқа ҳуқуқвайронкунандагон  Ёров Ш.Ш., Элбегиев Э.Т., ва  Саймуродзода С.С., дар ҳолати мастӣ дар кўчаи Норакиёни шаҳри Роғун бо садои баланд доду фарёд зада ва шуру мағал бардошта нисбати як дигарашон дашному суханони қабеҳи ғайри инсони гуфта бо ин рафторашон шаъну шарафи инсониро паст зада тартиботи ҷаъмиятиро дағалона вайрон намудаанд.

Ёров Шодруз Шоҳрухович, Элбегиев Э.Т ва  Саймуродзода С.С., дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии  маъмурии бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба онҳо бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҳабс ба муҳлати 5 (панҷ) шабонарўз таъин карда шуд.