Майдаавбошӣ

 

 

Майдаавбошӣ

 

Камолов Ғазалшо Шамсуллоевич ва Ҷуразод Инояти Маҳмади санаи 18-уми ноябри соли 2020 тахминан соати 10:00 дақиқа дар маркази шаҳраки Оби-Гарми шаҳри Роғун бо якдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷаъмиятиро ва оромии ҷомеаро халалдор сохта нисбати якдигар дар ҳузурӣ шаҳрвандони ҷамъшуда дашномҳои қабеҳи ғайриинсони намудаанд, ки бо ин кирдорҳои худ,  тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор намудаанд.Ҳангоми баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Камолов Ғазалшо Шамсуллоевич ва Ҷуразод Инояти Маҳмади дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда.

Ба Камолов Ғазалшо Шамсуллоевич, ба моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 406 (чорсаду шаш) сомонӣ  таъин карда шуд.

Ба Ҷуразод Инояти Маҳмади, ба моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 406 (чорсаду шаш) сомонӣ  таъин карда шуд.