Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд.

Санҷиши ҳолати иҷрои талаботи моддаи 8 сархати 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи  фарзанд» муайян карда шуд, ки Одинаева Мавзуна Изатуллоевна пас аз таваллуди фарзандаш  Муҳаммадсаид санаи таваллудаш 13-уми майи соли 2018 аз қайди давлатии  Сабти асноди ҳолати шаҳрванди  нагузаронида, шаҳодатнома дар бораи таваллуди фарзандашро нагирифтааст.

Одинаева Мавзуна Изатуллоевна бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба миқдори 3 (се) нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шудааст.