ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОМИЛИ РУШДИ ҶОМЕА ВА ДАВЛАТ
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кафили зиндагии шоистаи мардум, омили рушди ҷомеа ва давлат буда, ояндаи Тоҷикистонро боз ҳам дурахшон менамояд.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16-уми декабри соли 2025, ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид, барои мо ҳамватанон, махсусан барои кормандони мақомоти судӣ чун Паёмҳои қаблӣ як ҳуҷҷати роҳнамою сарнавиштсоз ва равшангари роҳи ҳаёту зиндагии мост.
Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассумгари дастовардҳои муҳими кишвар ва муайянкунандаи ҳадафҳои стратегии рушди устувори Тоҷикистон мебошад. Дар Паём масъалаҳои таҳкими пояҳои илмӣ, рушди технологияҳои навин, рақамикунонӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ба таври возеҳ ифода ёфтаанд.
Паём на танҳо натиҷаҳои имрӯзаи рушди кишварро дар бар мегирад, балки самтҳои асосии рушди илмӣ ва технологиро барои солҳои минбаъда муайян менамояд. Дар бахши сиёсати хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, ба ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ, таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қирғизистон ва Ӯзбекистон, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид, ки он барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва технологӣ заминаи устувор фароҳам меорад.
Сарвари давлат дар Паёмашон аз ҷумла иброз доштанд, ки «Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асри 21-ро асри пешрафти илму техника ва технология дониста, иброз доштанд, ки давлатҳои тараққикардаи дунё имрӯз аз офтоб барқ истеҳсол мекунанд. Муроҷиати Роҳбари давлат ба падару модарон омӯзгорон ҳамин буд, ки баҳри давлати пешрафта, Ватани ободу зебо ва зиндагии орому осуда бояд ба илму донишомӯзии фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд, нагузоранд, ки онҳо дар зиндагии ояндаи худ, ҳаёти мустақилонаашон азобу азият кашанд. Фармӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад, иброз доштанд Роҳбари давлат.
Дар шароити буҳрониву ноороме, ки ҷаҳони имрӯза қарор дорад, ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмат ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан вазифаи аввалиндараҷаву ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мамлакат маҳсуб меёбад, таъкид доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Пешвои миллат баҳри якдиливу ҳамгироӣ, якҷову ҳадафмандона, бо рӯҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон моро ҳидоят намуда, ҷиҳати роҳ надодан ба таасубу ифротгароӣ ва тақлид ба фарҳанге, ки бароямон бегонаву хатарбор аст боз ҳам моро ҳушдор доданд.
Бо доштани чунин фарҳангу тамаддуни бостонӣ мо ба таассубу ифротгароӣ набояд роҳ диҳем, афзуданд Сарвари давлат.
Ба ифтихори 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ, ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ, Пешвои муаззами миллат соли 2026-ро “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон намуда, бо эътимоди комил ба ояндаи дурахшони Ватан ва иродаи қавии мардуми заҳматпешаву сарбаланди кишвар умед бастанашонро изҳор намуданд.
Оре миллате, ки сангари сангини ҷодаи тақдирро бо сарбаландӣ паси сар кардааст бо Пешвое, ки тамоми ҳастияшро баҳри ободию пешравии сарзамин, хушбахтиву саодатмандии халқу миллаташ бахшидааст, метавонад бо ин Сарвар ба сӯйи фатҳу нусратҳои навин қадами устувор гузорад.
Дар ин радиф Президенти мамлакат дар роҳи ба даст овардани истиқлолият-сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, заҳмати содиқона, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнин, фидокориву ҷоннисориҳо ва қаҳрамониҳои мардуми шарифи кишварро баён доштанд ва бо итминони комил минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон аҳлонаву сарҷамъона заҳмат кашидану ба ҳамаи ҳадафҳои нек расиданамонро ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштанамонро таъкид намуда, ин масъулиятро қарзи милливу имонӣ ва вазифаи инсониву шаҳрвандии мо мардуми тоҷик арзёбӣ карданд.
Роҳбари давлат аз зебову шукуфо гардидани пойтахти кишвар ва ҳар як гӯшаю канори Ватани азизамон ёдовар шуда, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар доираи татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат баҳри боз ҳам вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки ин ҳама иқдомҳои наҷибу хирадмандонаашон моро ба зиндагии аз ин ҳам ободу пешрафта ҳидоят мекунад.
Ҳамчунин Пешвои миллат зимни суханронӣ чунини иброз намуданд, ки нақши қонунгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар ва таъмин намудани рушди устувору босуръати он, амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ басо муҳим ба шумор меравад.
Аз ин рӯ, таҳлили ҳамаҷонибаву пайвастаи қонунгузорӣ ва таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати такмили он барои иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар зарур мебошад.
Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад.
Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем.
Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад.
Инро бояд хурду бузурги мамлакат дар хотир дошта бошанд.
Бинобар ин, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд вазифаи худро дар самти ҳимояи суботу оромии ҷомеа, амнияту осоиши давлат ва мардуми Тоҷикистон бо садоқат ба давлат ва халқи кишвар таъмин намоянд.
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи ҷонии онҳо дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир мебошад.
Масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла таъмини суботи сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ, боз ҳам беҳтару хубтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум, таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳама муҳим, тарбияи насли наврас дар Паёми навбатии Пешвои миллат таъкид гардида, Сарвари давлат нисбат ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Сарвари давлат барои тақвият бахшидани ҳуввияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз баргузории озмунҳои «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногунро зарур ва муфид донистанд. Аз мазмуни суханони саршори меҳри Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷавонон чунин хулосаи муҳим ҳосил мешавад, ки сарвари кишвар ба насли наврасу ҷавони кишвар ҳамчун ворисону ҳомиёни ояндаи давлату миллат, ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат эътимоди комил доранд.
Дар Паём инчунин таъкид гардид, ки пешравии устувори давлат пеш аз ҳама аз захираҳои маънавии имонӣ, маърифатнокӣ ва масъулияти шаҳрвандон вобастагии зич дорад.
Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, ҷавононро нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа дониста, аз ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон ифтихор намуданд.
Сарвари давлат саҳми ҷавононро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон бо кору фаъолияти созандаашон бузург арзёбӣ намуда, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ нақши ин қишри ояндасози ватанро назаррас донистанд.
Пешвои миллат ҷиҳати иродаи қаввию созандагии ҷавонон бо боварӣ ва итминон иброз намуданд, ки ҷавонони бонангу номуси даврони истиқлол дар пешрафти иқтисоди миллӣ, тараққиёти давлат ва ободии Ватани худ минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд.
Мо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳаёти кӯдакон ва наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтари таҳсил ва кору фаъолият барои онҳо, яъне наслҳои ояндасози миллат ва Ватан минбаъд низ чораҷӯйӣ менамоем, таъкид доштанд Сарвари давлат.
Пешвои муаззами миллат, дар Паёми имсолаашон чун ҳарвақта нисбати занону бонувон, кӯдакону наврасон, пирону ҷавонон, қишрҳои осебпазири ҷомеа таваҷҷуҳи зиёд намуда, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан, гурӯҳҳои осебпазири ҷомеаро самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуданд.
Пешвои муаззами миллат дар баробари пешбурди тамоми самтҳои фаъолияти корӣ, ҳамагонро ба некӯкорӣ, инсондӯстиву инсонпарварӣ, дасти кумак дароз намудан ба ниёзмандон, ҳифзи арзишҳои миллӣ, сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмӣ даъват намуда, чунин иброз доштанд, ки мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд.
Дар Паёми хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардан, ки ман ба ояндаи неку дурахшони Ватани соҳибистиқлоламон ва иродаи қавии мардуми заҳматпешаву сарбаланди он эътимоди комил дорам.
Дар маҷмуъ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ на танҳо дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба таври мушаххас нишон медиҳад, балки ҳадафҳои илмӣ-танзимӣ, рушди технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ, ҳамчунин эҳёи мероси фарҳангиву тамаддунии миллати тоҷикро низ дар назар дорад.
Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки Паёми ироа гардидадаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, кушиш ба харҷ медиҳем, ки вазифаҳои касбии худро дар сатҳи баланд ва содиқона иҷро намоем.
Раиси суди шаҳри Роғун
Назарзода Абдуҳанон Худойназар
Суди шаҳри Роғун 