ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – РОҲНАМОИ РУШДИ КИШВАР ДАР ШАРОИТИ МУРАККАБИ ҶАҲОНИ МУОСИР

 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳимми расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, яке аз роҳҳои ифодаи равшани рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон ва пешниҳоди барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳои кишвар ба шумор меравад.  Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардидаанд, ки аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон қабул шудани қатъномаҳои махсус зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кўҳӣ», эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ», инчунин ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим, дар пойтахти мамлакат баргузор шудани нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо аз рӯйдодҳои дигари муҳимми сол арзёбӣ шудаанд. Ин  ҳама гувоҳи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рўзномаи глобалӣ  маҳсуб  мешаванд. Яке аз самтҳои дигари муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олӣ такмили қонунгузорӣ ташкил медиҳад. Қонунҳои қабулкардаи парламенти кишвар барои татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи боэътимод фароҳам меоранд. Онҳо ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ мусоидат мекунанд. Сарвари давлат дар Паём таъкид намуданд, ки қонунгузорӣ яке аз сутунҳои асосии давлатдории муосир мебошад. Қонунҳои мукаммал, одилона ва ҷавобгў ба талаботи замон метавонанд рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими суботи сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро таъмин намоянд. Аз ин лиҳоз, таҳлили пайвастаи қонунгузории амалкунанда, бартараф намудани ихтилофоти меъёрӣ ва таҳияи пешниҳоди мушаххас ҷиҳати такмили он вазифаи муҳим арзёбӣ мегардад. Дар таҷрибаи татбиқи қонунҳо мо чандин маротиба шоҳиди он будем, ки қонунҳо иҷрои дастур ва супоришҳои Паёмро таъмин менамоянд. Дар ин ҷода дар асоси дастур ва супоришҳои Президенти мамлакат, ки дар Паёмҳои солҳои пешин ироа шудаанд, қабули чунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон далели гуфтаҳои боло мебошанд. Аз ҷумла қабули чунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи саёҳӣ», «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо», «Дар бораи танзиму ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» ва қабули «Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайраҳо далели гуфтаҳои боло мебошанд. Қонунҳои болозикр ба рушди устувор ва босуръати иқтисод ва иҷтимоиёт мусоидат намуда, амнияти ҷомеа ва давлатро ҳифз менамоянд. Қонунгузории мукаммал сабаби таҳкими субот ва оромӣ мебошад. Зимни ироаи  Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабр Пешвои миллат махсус таъкид намудаанд, ки амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волояти қонун асоси рушди устувори кишвар мебошанд. Маҳз ҳамин омилҳо буданд, ки ба Тоҷикистон имкон доданд дар солҳои истиқлолият аз марҳилаҳои душвор гузашта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Замирова Комила Қосимовна                                                                                                                                                            корманди суди шаҳри Роғун.