РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТӢ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ РОҒУН

 

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бахшида ба таҷлили сазовори «Рӯзи Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмию назариявӣ ва чорабинии идонаи тантанавӣ баргузор карда шуд.Дар оғози чорабинӣ аз ҷониби Судяи суди шаҳри Роғун Шарифзода С.Ш., ҳозиринро ба муносибати таҷлили сазовори Рӯзи Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун самимона табрик намуда, оид ба саҳми шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ҳаёти маданӣ хусусан рушд ва ҳифзи фарҳанги миллӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раванди бунёдкорию созандагиҳо дар Ватани азизамон дар ин давра, ҳамзамон аҳамияти таърихӣ ва ҳуқуқии ҷашн гирифтани «Рӯзи Президент» дар кишвари соҳибистиқлоламон суханронӣ намудаанд.