Риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

Риоя  накардани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи

масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

 

Ҳангоми санҷиши иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷониби кормандони прокуратураи шаҳри Роғун, муайян карда шудааст, ки Содиқов Искандар Рустамович нисбати фарзанди ноболиғаш Содиқов Маснави Искандарович санаи таваллудаш 18-уми августи соли 2003, хонандаи синфи 11-уми МТМУ №29-и шаҳри Роғун беаҳмияти зоҳир намуда, дар натиҷа фарзанди ноболиғаш, санаи 02-юми августи соли 2020 тахминан соатњои 24:00 дақиқа бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамроҳии рафиқонаш  Холов Ҳ.А., ва Қаландаров А.Ҳ., бо мақсади тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр, тариқи пинҳонӣ, ба воситаи оҳанпора тирезаи мағозаи шаҳрванд Аминов С.С., ки дар суроғаи шаҳри Роғун, деҳаи Қалъаи нав ҷойгир мебошад, кушода ғайриқонуни вориди мағоза гардида, аз дохили мағоза як адад, компютери тамғаи «НР» арзишаш 4500 сомонӣ, як адад базаи  камераи мушоҳидавӣ арзишаш 1200 сомонӣ ва маводҳои хурокаро тасарруф намуда, ба охирин дар умум, ҷамъ ба маблағи 7422 сомонӣ зарари ҷиддӣ расонида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Бо ин рафтораш талаботи моддаи 8 сархати 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вайрон намудааст.                                                                                               Аз ҷониби  суд, Содиқов Искандар Рустамович дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шавад ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 3 (се) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 174 (яксаду ҳафтоду чор) сомонӣ таъин карда шудааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ҳангоми санҷиши иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷониби кормандони прокуратураи шаҳри Роғун, муайян карда шудааст, ки Қаландарова Парвина Сайҳомидовна нисбати фарзанди ноболиғаш Холов Ҳамза Абдулвоҷибович санаи таваллудаш 13-уми феврали соли 2005, хонандаи синфи  9-уми МТМУ №28-и шаҳри  Роғун беаҳмияти зоҳир намуда, дар натиҷа фарзанди ноболиғаш, санаи 02-юми августи соли 2020 тахминан соатњои 24:00 дақиқа бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамроҳии рафиқонаш  Содиқов М.И., ва Қаландаров А.Ҳ., бо мақсади тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр, тариқи пинҳонӣ, ба воситаи оҳанпора тирезаи мағозаи шаҳрванд Аминов С.С., ки дар суроғаи шаҳри Роғун, деҳаи Қалъаи нав ҷойгир мебошад, кушода ғайриқонуни вориди мағоза гардида, аз дохили мағоза як адад, компютери тамғаи «НР» арзишаш 4500 сомонӣ, як адад базаи  камераи мушоҳидавӣ арзишаш 1200 сомонӣ ва маводҳои хурокаро тасарруф намуда, ба охирин дар умум, ҷамъ ба маблағи 7422 сомонӣ зарари ҷиддӣ расонида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Бо ин рафтораш талаботи моддаи 8 сархати 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вайрон намудааст.

Қаландарова Парвина Сайҳомидовна дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шавад ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 3 (се) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 174 (яксаду ҳафтоду чор) сомонӣ таъин карда шудааст.