ТАБРИКОТИ РАИСИ СУДИ Ш.РОҒУН НАЗАРЗОДА А.Х., БАХШИДА БА «РӮЗИ МОДАРОН» БА БОНУВОНИ СУДИ ШАҲРИ РОҒУН

Имруз бо иштироки Раиси Суди шаҳри Роғун муҳтарам Назарзода А.Х., ва кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Роғун бахшида ба ифтихори Рӯзи Модар ҳамоиши идона баргузор гардид.Ҳамоишро Раиси Суди шаҳри Роғун Назарзода А.Х., ҳусни ифтитоҳ бахшида, зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки ҳамасола 8-уми март дар Тоҷикистон ҳамчун «Рӯзи Модарон» ҷашн гирифта мешавад, ки ин рӯз рамзи эҳтиром ба зан-модар, офарандаи ҳаёт ва нигоҳдорандаи оила аст. Инчунин дар идомаи суханронӣ Раиси суд Назарзода А.Х., қайд намуданд, ки модар чароғи хонадон ва сарчашмаи муҳаббат мебошад. Эҳтиром ва ғамхорӣ нисбат ба модар ва тамоми занон бояд на танҳо дар як рӯз, балки ҳамеша дар қалби ҳар инсон ҷой дошта бошад.Дар идомаи ҳамоиш кормандони Суди шаҳри Роғун бо табрикот маърӯза намуда, роҷеъ ба ҷойгоҳу манзалати занону бонувон, нақши назаррас ва муҳими занони тоҷик дар ҳама соҳаҳои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, дар пешрафти ҳокимияти судӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм, фарҳанг, сиёсат ва соҳибкорӣ ибрози таҳсин намуданд. Қайд гардид, ки имрӯз занон бо масъулиятшиносӣ ва донишмандӣ барои пешрафти кишвар хизмати шоиста ва саҳми назаррас гузошта истодаанд.
Ҳамоиши идона дар фазои эҳтиром ва самимият баргузор гардида, дар фазои эҳтиром ва қадршиносӣ нисбат ба занону модарон анҷом ёфт.