Вайрон намудан талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд».

Ҳангоми санҷиши ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи  фарзанд» муайян карда шуд,ки Фраймонова Зарнигор Додуллоевна пас аз таваллуди фарзандаш  Давлатзода Аниса Ҳиматшо санаи таваллудаш 09-уми ноябри соли 2019 аз қайди давлатӣ САҲШ-и нагузаронида ба фарзандаш шаҳодатнома дар бораи таваллуд  нагирифтааст.

Фраймонова Зарнигор Додуллоевна дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон  гунаҳгор дониста шуда ба ў ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шудааст.