Вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”

Ҳангоми корҳои профилактики  аз ҷониби кормандони кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Чашмаи куллои шаҳри Роғун муайян карда шуд, ки ноболиғ Назарзода Ҷонибег Азиз  санаи таваллудаш 01-уми июни соли 2013, дар суроғаи шаҳри Роғун, Ҷамоати деҳоти Қади Об, деҳаи Чашмаи Кулло  ҳангоми гирифтани таълимоти ғайриқонуни динӣ боздошт карда шудааст.

Раҷабова Гулбаҳор Мирзомуддиновна дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба Раҷабова Гулбаҳор Мирзомуддиновна бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 180 (яксаду ҳаштод) сомонӣ таъин карда шуд.