ВОХУРИ РАИСИ СУДИ ШАҲРИ РОҒУН НАЗАРЗОДА А.Х., БО ОМӮЗГОРОН ВА ХОНАНДАГОНИ КОЛЕҶИ ТИББӢ

Санаи 25 феврали соли 2026 дар толори Коллеҷи тиббии шаҳраки Оби Гарми шаҳри Роғун парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном додан, ба таври таҳқиромез дарафтодан ба одамон, ҳамчунин содир намудани дигар кирдорҳои ба ин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор мекунад, бо моддаи 460 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ошкорои сайёри судӣ баррасӣ карда шудаанд.Баррасии чунин категорияи парвандаҳо дар маҷлиси сайёри судӣ бо мақсади таъмини дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо баргузор мегарданд.
Ҳамзамон раиси суди шаҳри Роғун Назарзода Абдуҳанон Худойназар бо иштироки омӯзгорон ва хонандагони ин коллеҷ вохӯрӣ гузаронида, оид ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд.
Дар охири ҷамъомад ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои мушаххас додаанд.
Суди шаҳри Роғун 