ВОХУРИИ РАИСИ СУДИ ШАҲРИ РОҒУН НАЗАРЗОДА А.Х., ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ОБИ-ГАРМИ ШАҲРИ РОҒУН

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси суди шаҳри Роғун Назарзода Абдуҳанон Худойназар ва иштироки кормандони мақомотҳои дахлдори давлатӣ дар санаи 4 феврали соли 2026 дар Ҷамоати шаҳрки Оби-Гарми шаҳри Роғун бо шаҳрвандон вохӯрӣ ва мулоқот баргузор гардид. Сараввал Раиси суд Назарзода А.Х., вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 16-уми декабри соли 2025 баргузор гардид суханронӣ намуда иброз доштаанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2025 соли 2026-умро “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон доштаанд. “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, эълон гардидани соли 2026-ум ин бо мақсади боз ҳам таҳким бахшидани ҳисси ватандӯстию худшиносии миллӣ, инчунин ифтихор аз истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Зарур аст, ки сиёсати давлату миллатамонро ба пуррагӣ дастгирӣ намуда, баҳри бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ саҳмгузор бошанд. Њамчунин Раиси суд Назарзода А.Х., дар баромади худ ќайд намудаанд, ки соли 2025 дар моддаи 2531 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова карда шудааст, ки вайрон гардидани меъёри қувваи барқ, ки қонуни мазкур барои ба ҷавобгарии ғайримақсаднок истифода бурдани қувваи барқ тасдиқ гардид ва шукргузори аз ин давлат намуда, қувваи барқро самаранок истифода бурда, ғайримақсаднок истифода бурдани он ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ намудааст.Ҳадафи асосии гузуронидани мулоқот ин пешгирии содиршавии ҷинояту ҷинояткорӣ буда, таъкид карда шуд, ки имрӯз ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ро дастгирӣ ва дар амал татбиқ намуда барои пешрафти Ватани азизамон саҳми хешро гузоранд.
Суди шаҳри Роғун 